Апрел 16, 2017 11:19 Asia/Dushanbe
  • Сел дар шимолу ғарб ва ғарби Эрон 42 қурбонӣ гирифт
    Сел дар шимолу ғарб ва ғарби Эрон 42 қурбонӣ гирифт

Омори ҷонбохтагони сел дар устонҳои шимолу ғарб ва ғарби Эрон ба 42 нафар расидааст.

Бориши шадиди борон дар рӯзҳои гузашта дар устонҳои Озарбойҷони шарқӣ, Озарбойҷони ғарбӣ, Ардабил ва Курдистон дар шимолу ғарб ва ғарби Эрон, туғёни оби рӯдхонаҳо ва ба роҳ афтодани сел дар бархе аз манотиқи ин устонҳо шудааст.

Ҳамиди Читчиён- Вазири нерӯ, ки ба унвони намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манотиқи селзада дар устонҳои шимолу ғарб ва ғарби Эрон эъзом шудааст, шомгоҳи шанбе дар ҷаласаи ситоди мудирияти буҳрони устони Озарбойҷони ғарбӣ, гуфт, охирин вазъияти устонҳои осебдида аз сел, рӯзи якшанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат, мавриди баррасӣ қарор мегирад ва иқдомоти ҷубронӣ, пас аз бароварди хисоратҳо анҷом мешавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, шомгоҳи шанбе дар паёме ин ҳодисаи мусибатборро тасалият гуфтанд ва таъкид карданд, вазифаи фаврии масъулон, кӯмак ба осебдидагон ва костан аз ранҷу андӯҳи онон аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, низ рӯзи шанбе дар гуфтугӯҳои телефонии ҷудогона бо устондорони манотиқи даргири сел, дастури басиҷи ҳамаи имконоти дастгоҳҳо ва ниҳодҳоро барои кумакрасони ба селзадагон ва расидагии фаврӣ ба вазъияти осебдидагон ва масдумон содир кард.

Имрӯз якшанбе дар устони Озарбойҷони шарқӣ, азои умумӣ эълом шудааст.

Бештари қурбониёни сел аз сокинони ин устон будаанд.