Апрел 16, 2017 15:43 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҷаззоб ва арзонтарин кишвари ҷаҳон барои гардишгарӣ

Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод, ҷумҳурии исломии Эронро ҷаззобтарин кишвар аз назари қиммати колову хадамот барои гардишгарони ҷаҳон муаррифӣ кард.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи Алъолам, Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар ҷадидтарин гузориши худ мавсум ба «Гузориши рақобатпазирии мусофират ва гардишгарии 2017» ба баррасии қудрати рақобати 136 санъати гардишгарии ҷаҳон аз назари қиммат пардохт, ки бар асоси он, Эрон бо касби шумораи шаш мумайизи шасту шаш садуми дарсад рутбаи нахустро дар ин шохис касб кард .

Шохиси рақобати санъати гардишгарӣ аз назари қиммат, бар пояи қиммати колоҳову хадамоти мавриди ниёзи гардишгарон дар ҳар кишвар таҳия шуда ва рақами аз сифр то 10 ба ҳар кишвар дода шудааст, ки ҳарчи ин адад бештар бошад, далолат бар қудрати рақобати бештари он кишвар аз назари қимматҳо дар ҷазби гардишгарон дорад .

Пас аз ҷумҳурии исломии Эрон, Мисру Малайзия дар рутбаҳои дуввуму сеюм аз ин назар қарор гирифтанд .

Кишварҳои санъатӣ ва тавсеаёфта низ дар рутбаҳои поёнии ин радабандӣ қарор гирифтаанд ба тавре, ки Швейтсария бо касби рақами ду мумайизи ҳаштоду як садуми дарсад дар ҷойгоҳи охир қарор гирифтааст .

 

Барчасп