Апрел 17, 2017 18:41 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати 20 ҳазор нерӯи интизомӣ барои баргузории интихоботе амн дар Эрон

Фармондеҳи ягонҳои вижаи нерӯи интизомии Эрон гуфт: Дар ростои баргузории интихоботе амн дар рӯзи 29 урдибиҳишти 1396, бист ҳазор нерӯи интизомӣ дар қолаби ягонҳои вижаи ин нерӯ анҷоми вазифа хоҳанд кард.

Интихоботи давоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон ҳамзамон бо интихоботи панҷумин давраи шӯроҳои исломии шаҳр ва русто 29 урдибиҳишти 1396 баргузор хоҳад шуд .

Сардор сартип Ҳасани Карамӣ, фармондеҳи ягонҳои вижаи нерӯи интизомии Эрон рӯзи душанбе афзуд: Нерӯи интизомӣ ва ягонҳои вижаи ин нерӯ аз муддатҳо қабл барои баргузории интихоботе амн ва ором барномарезиҳои лозимро анҷом додааст .

Фармондеҳи ягонҳои вижаи нерӯи интизомӣ тасреҳ кард: Барои баргузории интихобот қароргоҳи амалиётии Зафарро ба зарфияти се баробари нерӯ ва таҷҳизот иртиқо дода, ки ин муҳим паёми ҳушдордиҳандае барои душманони қасамхурдаи низому инқилоб аст .

 

Барчасп