Апрел 18, 2017 11:15 Asia/Dushanbe
  • Оғози маросими рӯзи артиш бо ҳузури раисҷумҳури исломии Эрон

Маросими рӯзи артиши Эрон субҳи имрӯз бо суханронии раисҷумҳури исломии Эрон дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пас аз суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон, ягонҳои нерӯи заминӣ, нерӯи дарёӣ ва нерӯи ҳавоӣ аз муқобили ҷойгоҳ рижа хоҳанд рафт .

Сомонаҳои қароргоҳи падофанди ҳавоии Хотамуланбиёи артиши Эрон низ дар маросими рижаи рӯзи артиш ба намоиши иқтидор хоҳанд пардохт .

Болгардҳои ҳавонерӯз, ҳавопаймоҳои шикорӣ, таробарӣ ва сӯхтрасонӣ ҳам имрӯз бар фарози осмон ба парвоз дармеоянд .

Париши чатрбозони 65 нерӯи махсус аз дигар барномаҳои рӯзи артиши Эрон аст .

Имрӯз 18 апрели 2017 рӯзи таҷлил ва такрими диловармардӣ ва ришодатҳои кормандони артиши ҷумҳурии исломии Эрон аст .

Артиши ҷумҳурии исломии Эрон нақши муҳиме дар тақвияти тавони дифоӣ ва низомии Эрон дорад ва ҳамчунон аз манофеи ҷумҳурии исломӣ дар арсаҳои мухталиф дифоъ кардааст .

 

Барчасп