Апрел 19, 2017 16:34 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Дар душмании Амрико бо миллати Эрон ҳеч тардиде нест

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, дар душмании қудратҳои зӯргу ба вижа Амрико бо миллати Эрон ҳеч тардиде нест, зеро душмании онҳо дар давраҳои гуногун ҳамвора идома доштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз чаҳоршанбе дар дидори фармондеҳон ва ҷамъе аз ягонҳои нерӯҳои чаҳоргонаи артиш ба муносибати рӯзи артиш ва нерӯи заминӣ гуфтанд: Иқтидор ва истодагии миллати Эрон ва таъсирнопазирии онон аз таҳдиди Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ ҳамчунон идома дорад, ки бахши муҳиме аз ин истодагӣ ва наҳаросидан аз душман, ба уҳдаи нерӯҳои мусаллаҳ ва бахши умдаи он бар уҳдаи иқтисоддонон ва маҷмуаҳои фарҳангӣ, омӯзишӣ ва бахшҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ аст .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ якӣ аз нуқоти қуввати миллати Эронро руҳияи шуҷоат ва истодагӣ дар баробари таҳдидҳои абарқудратҳо донистанду афзуданд: Яке аз шигирдҳои қудратҳои мутаҷовиз барои тарсондани миллатҳо ва давлатҳоу водор кардан онҳо ба таъмини манофеи номашруи абарқудратҳо, ташар задан ва худро бузург нишон додан аст .

Эшон таъкид карданд: Душман, чи Амрико ва чи дигар абарқудратҳо дар муқобили низоме, ки ба мардуми худ муттасил аст ва миллат низ он низомро дӯст доранд, ҳеч коре наметавонад бикунад .

Фармондеҳи кулли қувои мусаллаҳи Эрон, ҳамчунин таъини рӯзи артиш аз сӯи имом Хумайнӣ (р)-ро яке аз ҳушмандонатарин иқдомоти бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эрон баршумурданду гуфтанд: Ин иқдом илова бар мустаҳкам кардани пояҳои артиши ҷумҳурии исломӣ, муҷиби яъсу ноумедии бисёре аз тавтеагарон шуд .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар идомаи баёноташон, баргузории интихоботро аз ифтихороти миллати Эрон дар ҷаҳон хонданду тасреҳ карданд: Бадхоҳон ба дунболи қарор додани ислом ва маънавият дар муқобили мардумсолорӣ буданд, аммо ҷумҳурии исломӣ, бо мардумсолории исломӣ ва интихобот, ғалат будани ин ҳарфро нишон дод .

 

Барчасп