Апрел 23, 2017 12:30 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон
    Интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон

Сухангӯи вазорати кишвари Эрон гуфт: Бо тасвиби комиссияи таблиғоти интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, мунозираҳои номзадҳои дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон аз Садо ва симо ба сурати зинда пахш мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Салмони Сомонӣ шомгоҳи шанбе пас аз поёни нишасти комиссияи таблиғоти дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, ки дар вазорати кишвар баргузор шуд, ин матлабро дар ҷамъи хабарнигорон баён кард.

Вай гуфт: Дар ҷаласаи гузаштаи комиссияи таблиғоти интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, баргузории мунозираҳои Садо ва симо ба сурати забтшуда ё пахши зинда матраҳ шуд. Нигарониҳое, ки дар он ҷаласа матраҳ шуд, бисёр дақиқ ва коршиносӣ буд ва бар мабнои он комиссия тасмим гирифт, мунозираҳо ба сурати забтшуда анҷом шавад.

Вай идома дод: Бо таваҷҷуҳ ба ин ки хости миллати Эрон ва афкори умумӣ ин буд, ки комиссия дар тасмими худ бознигарӣ кунад ва ин ба унвони як хости умумӣ дар ҷомеа ва номзадҳои интихобот матраҳ ва ҷаласоти коршиносӣ баргузор шуд то мо битавонем роҳкорҳое пайдо кунем, ки ин нигарониҳоро пӯшиш диҳем.

Сухангӯи вазорати кишвари Эрон гуфт: Комиссия ба сурати иҷмоъ мусавваб кард, ки мунозираҳои номзадҳо ба сурати зинда баргузор шавад.

Сомонӣ афзуд: Шароити ин мунозираҳо низ дар дастуруламалҳое, ки аз сӯи комиссияи таблиғоти интихобот таъйин мешавад, мушаххас хоҳад шуд.

Вай идома дод: Дар ин ҷаласа дар баҳси тахсиси имконоти соири дастгоҳҳои давлатӣ ба ҷуз Садо ва симо, мисли расонаҳо, нашриёт ва сайтҳои давлатӣ мусавваб шуд, то номзадҳо битавонанд ба сурати баробар аз ин имконот истифода кунанд.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳамзамон бо интихоботи шӯроҳои исломии шаҳр ва русто, 19 майи 2017 баргузор мешавад.

Сайид Мустафооқо Мирсалим, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, Ҳасани Руҳонӣ, Сайид Иброҳими Раисии Содотӣ, Муҳаммадбоқири Қолибоф ва Сайид Мустафо Ҳошимитабо, шаш номзади таъйиди салоҳият шуда барои интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳастанд.

 

Барчасп