Апрел 23, 2017 15:47 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи нахусти Эрон дар рушди тавлиди мақолоти бартари ҷаҳон

Сарпарасти Пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом (ISC) гуфт: Эрон дар байни 25 кишвари тавлидкунандаи мақолоти бартари ҷаҳон дар соли 2016 қарор дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ, сарпарасти Пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом (ISC) рӯзи якшанбе афзуд: Бар асоси иттилооти истихроҷшуда аз пойгоҳи “ISI”, теъдоди мақолоти бартари Эрон дар соли 2016 ба 312 маврид расид .

Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ тасреҳ кард: Рушди Эрон аз лиҳози теъдоди мақолоти ҷаҳон ба 41 дарсад расид ва бар ин асос, Эрон дар байни 25 кишваре, ки бештарин теъдоди мақолоти бартари ҷаҳонро дар соли 2016 тавлид кардаанд, рутбаи нахустро аз лиҳози тавлиди мақолоти як дарсади бартар касб кардааст .

Деҳқонӣ афзуд: Баъд аз Эрон, Ҳинд бо 21 дарсад бештарин рушди ҷаҳонро аз лиҳози теъдоди мақолоти як дарсади бартар доштааст .

Сарпарасти Пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом (ISC) ҳамчунин бо баёни инки Эрону Арабистони Саудӣ дар байни кишварҳои исломӣ ва минтақа дар байни 25 тавлидкунандаи бартари ҷаҳон қарор гирифтаанд, гуфт: Эрон дар соли 2016 дар рутбаи нахусти минтақа ва ҷаҳони ислом аз лиҳози ҳаҷми мақолоти як дарсади бартари ҷаҳонӣ қарор гирифтааст .

 

Барчасп