Апрел 24, 2017 11:53 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими қуръакашии барномаҳои радиоӣ ва телевизионии номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон

Қуръакашии мунозираҳо ва замони пахши барномаҳои номзадҳои 12-умин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, дар шабакаҳои мухталифи Созмони Садо ва симо бо ҳузури намояндагони онҳо, дар ин созмон баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин маросим, ки як шанбешаб ба таври зинда аз шабакаи “ 1-Симо”, шабакаи “Хабар” ва “Радиои Эрон” пахш шуд, замон ва рӯзи пахши барномаҳои шаш номзади раёсатҷумҳуриро дар шабакаҳои Садо ва Симо ҳам аз барномаҳои зинда ва забтӣ, мушаххас шуд.

Бар асоси ин гузориш, барномаҳои номзадҳо аз 26 апрел то 17 май (6 то 27 урдубиҳиштмоҳ) аз Садо ва симо пахш мешавад.

Се мунозираи зиндаи 6 нафара низ рӯзҳои 28 апрел, панҷум ва 12 моҳи май дар бахшҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ баргузор мешавад.

Бар асоси ин гузориш, барои ҳар номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба таври ихтисосӣ, 555 дақиқа барномаи радиоӣ ва 555 дақиқа барномаи телевизионӣ дар назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин бо дар назар гирифтани замони се мунозираи 6 нафара барои ҳар номзад, замони ихтисос ёфта барои ҳар номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ, аз 1110 ба 1470 дақиқа афзоиш меёбад.

Абдулалӣ Алии Аскарӣ- раиси Созмони Садо ва симои Эрон, дар ин маросим дар суханоне бо таъкид бар ин ки хатти маши (равиши кор) расонаи миллӣ дар интихобот, бетарафӣ ва адолати расонаӣ аст, гуфт, ин созмон ҳамаи имконоти худро барои ошноии миллати Эрон бо номзадҳои раёсатҷумҳурӣ басиҷ кардааст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ- додситони кулли Эрон низ дар ин маросим дар суханоне гуфт, аҳамияти интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин аст, ки мардуми Эрон мехоҳанд, олитарин муҷрии кишвари худро барои муддати 4 сол баргузинанд.

Мунтазирӣ аз ҳамаи номзадҳои интихобот хост то аз фурсате, ки фароҳам шудааст, камоли истифодаро бибаранд, то миллати Эрон интихоботи пуршӯр, пурнишот ва душманшикан ҳамчун гузашта дошта бошанд. Мунтазирӣ бо тавсия ба номзадҳои интихобот ба риояти қонун ва усули ахлоқи исломӣ дар интихобот гуфт, аз ҳамаи номзадҳо интизор меравад, ки дар ҳамаи барномаҳои мухталиф ва мутанаввеи таблиғотӣ, нукотеро, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид кардаанд, риоят кунанд.

Бар асоси иттилоияи ситоди интихоботи Эрон, Саид Мустафо Мирсалим, Исҳоқи Ҷаҳонгирии Кушоӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, Иброҳими Раисии Содотӣ, Муҳаммадбоқири Қолибоф ва Мустафо Ҳошимитабо, шаш номзади таъйиди салоҳият шуда барои интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон ҳастанд.

29 урдубиҳшт (19 май) интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ, ҳамзамон бо интихоботи панҷумин давраи шӯроҳои исломии шаҳр ва русто дар саросари кишвар баргузор мешавад.

 

Барчасп