Оғози ҳафтумин нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ дар Вена
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i16224-Оғози_ҳафтумин_нишасти_Комиссияи_муштараки_БАРҶОМ_дар_Вена
Ҳафтумин нишасти Комиссияи муштараки Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) рӯзи сешанбе бо ҳузури Эрон, кишварҳои “Гурӯҳи панҷ ба иловаи як” ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Вена оғоз шудааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 25, 2017 18:04 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳафтумин нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ дар Вена

Ҳафтумин нишасти Комиссияи муштараки Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) рӯзи сешанбе бо ҳузури Эрон, кишварҳои “Гурӯҳи панҷ ба иловаи як” ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Вена оғоз шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Комиссияи муштараки БАРҶОМ бар наҳваи иҷрои БАРҶОМ назорат дорад ва дар сатҳи муовинону мудирони сиёсӣ вазирони умури хориҷии Эрон, кишварҳои “Гурӯҳи панҷ ба илова як” (Амрико, Англия, Русия, Чин, Фаронса ва Олмон) ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазири умури хориҷии Эрон, ки раёсати Ситоди пайгирии иҷрои БАРҶОМ-ро бар уҳда дорад, пештар эълом кард, Эрон дар нишасти Вена ҳама мавориди бадаҳдӣ, таъхир ва муқобилаҷӯии Ҳукумати Амрико дар бораи БАРҶОМ-ро матраҳ ва пайгирӣ хоҳад кард.

Дархости Эрон барои харид 950 тонна кейки зард аз Қазоқистон тайи як давраи сесола, ки бо мухолифати Англия, яке аз аъзои “Гурӯҳи панҷ ба иловаи як” рӯ ба рӯ шуда, ҳам аз дигар мавзӯот дар дастури кори нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ аст.

Муовини вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин дар бораи дидори рӯзи душанбеи худ бо Юкиа Амано, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфт, вазифаи ин ниҳод рафъи мавонеъ ва мушкилоти вуҷуддошта, ки мумкин аст, бар сари роҳи иҷрои барҷом пеш биёяд, мебошад.

Ин нахустин нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ пас аз рӯйи кор омадани ҳукумати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аст.