Апрел 26, 2017 15:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳасани Қашқовӣ, раиси ҳайъати назорат бар баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии исломии Эрон дар хориҷ аз кишвар
    Ҳасани Қашқовӣ, раиси ҳайъати назорат бар баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии исломии Эрон дар хориҷ аз кишвар

Раиси ҳайъати назорат бар баргузории дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар хориҷ аз кишвар гуфт, ин интихобот дар 103 кишвар, 132 намояндагӣ ва 279 шуъбаи ахзи раъй баргузор мешавад.  

Ба иттилои Ирно, Ҳасани Қашқовӣ рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ афзуд: Ду миллиону 500 ҳазор эронии хориҷ аз кишвар, дорои шароити раъй додан ҳастанд.

Вай афзуд: Интихоботи 19 майи раёсатҷумҳурии Эрон то ин лаҳза дар Канада ба далели қатъи равобити дипломатӣ баргузор намешавад.  

Қашқовӣ ба ҳузури 400 ҳазор эронии муқим дар Канада ишора карду гуфт: Эрон дар ёддоште расмӣ ва дар тамосҳое бо дафтари намояндагии Канада дар Созмони милали муттаҳид, хоҳони баргузории интихобот дар ин кишвар шудааст.

Раиси ҳайъати назорат бар баргузории дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар хориҷ аз кишвар гуфт: Дар рӯзи интихобот 30 сандуқи ахзи раъй дар шаҳрҳои мухталифи Амрико, 30 сандуқи ахзи раъй дар Иморот ва 22 сандуқ бо таваҷҷуҳ ба ҳузури зоирони эронӣ дар Ироқ, дар шаҳрҳои Бағдод, Ербил, Карбало, Наҷаф, Басра ва Салмония дар назар гирифта шудааст.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳамзамон бо ҳаштумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳр ва русто, рӯзи 19 майи 2017 баргузор мешавад.

 

 

Барчасп