Апрел 27, 2017 21:15 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи мақоми аршади эронӣ ва намояндаи Путин дар бораи Сурия

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, терроризм ҳамчун вируси хатарнок аз марзҳо убур кардааст, аз ин рӯ, бояд мубориза бо онро бо иттихози рӯйкардҳои ҳамоҳанг, муштарак ва ғайри табъизомез анҷом дод.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, рӯзи панҷшанбе дар дидори Александр Лаврентев-фиристодаи вижаи Владимир Путин-раисиҷумҳури Русия дар Теҳрон афзуд, кишварҳои аврупоӣ барои ҳифзи амнияти шаҳрвандонашон бояд аз фиристодани силоҳ ва нерӯ барои террористҳои мавриди ҳимоят молӣ ва таслиҳотии бархе кишварҳои минтақа, ҷилавгирӣ кунанд.

Шамхонӣ бо интиқод аз таҷовузи мушакии ахири Амрико ба хоки Сурия, гуфт, амалиёти мушакии номашруъ ва ғайриқонунии Амрико, набояд бидуни пайгард боқӣ бимонад.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, ҳамчунин бар ташкили ҳайати мустақили ҳақиқатёб ба манзури мушаххас шудани масирҳои ирсоли силоҳҳои кимиёвӣ барои гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ таъкид кард.

Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия ҳам дар ин дидор бо ҳимоят аз нақши созандаи Эрон, дар раванди сиёсии барқарории сулҳ дар Сурия гуфт,  Маскав ҳамчунон ба иқдоми низомӣ зидди террористҳо ва касоне, ки ба роҳи ҳалли сиёсӣ пойбанд набошанд, мутааҳҳид аст ва муборизаи беамон бо гурӯҳҳои террористии ДИИШ, Ҷабҳаи Аннусра ва гурӯҳҳои муртабит бо ононро идома хоҳад дод.

Александр Лаврентев-намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Сурия, субҳи рӯзи панҷшанбе барои дидор ва гуфтугӯ бо дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, вориди Теҳрон шуд.

 

Барчасп