Апрел 29, 2017 21:21 Asia/Dushanbe
  • Нахустин мунозираи интихоботӣ, ҳалли мушкилоти ҷавонон ва иштиғол, пешдаромади ҳалли масоили иҷтимоӣ  

Нахустин мунозираи шаш номзади давоздаҳумини давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ба муддати се соат дар бораи масоили иҷтимоӣ дар ду бахш баргузор шуд ва номзадҳо дар мавзуъҳои мухталифи иҷтимоӣ назарот ва то ҳудуде барномаҳои худро ироа карданд.

Мавзуъҳои “ҳошия‌нишинӣ”, “мушкили маскан ба вижа маскани завҷҳои ҷавон”, “адолати иҷтимоӣ ва коҳиши фосилаи табақотӣ”, “мушкили ҷавонон ва афзоиши мизони бекорӣ”, “коҳиши бюрократия ва афзоиши коромадии дастгоҳҳои иҷроӣ” ва “чолишҳои зист муҳитӣ”, мавзуъҳои матраҳшуда дар нахустин мунозираи интихоботӣ буд ва шаш номзад бар асоси барномаҳое, ки доранд ва бо таваҷҷуҳ ба имконоти мавҷуд дар Эрон ба ин масоил пардохтанд .

Мавзуъҳои матраҳшуда дар ҳавзаи иҷтимоӣ ба навъе бо масоили иқтисодӣ ҳам даромехтааст ва ин ҳампушонии масоили иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар буъди дохилӣ дар суханони номзадҳо дар мунозираи интихоботӣ ҳам мадди назар буд. Ҳалли мушкилоти матраҳшуда дар ҳавзаи иҷтимоӣ дар нахустин мунозира реша дар сомондиҳии манобеи иқтисодӣ, мудирияти саҳеҳи он ва ҳалли мушкилоти ҷавонон дорад, ки ҳар шаш номзад дар чорчуби барномаи мустақили худ ва бо таваҷҷуҳ ба имконоти мавҷуд дар Эрон, роҳкорҳоеро барои онон матраҳ карданд. Мустафо Оқомирсалим, ба қайди қуръа ба унвони нахустин номзад дар мунозираи интихоботӣ дар бораи муҳимтарин далели ҳошиянишинӣ дар Эрон гуфт, ҳошиянишинӣ ба мушкилоти мутааддиди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ мунҷар шуда, ки роҳҳалли он бозгашт ба сиёсатҳои омоиши сарзамин, ба коргирии саҳеҳи манобеи об ва биёбонзудоӣ аст.

Иброҳими Раисӣ, дигари номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳам дар бораи барномаҳо ва роҳкори худ барои рушди адолати иҷтимоӣ ва коҳиши фосилаи табақотӣ гуфт, адолати иҷтимоӣ яке аз аҳдофи муҳими низоми ҷумҳурии исломӣ буда ва роҳкори бурунрафт барои коҳиши фосилаи табақотӣ, афзоиши ёронаи даҳакҳои поини ҷомеа ва коҳиши молиёти ҳуқуқибигирони бо даромади поин аст .

Мустафо Ҳошимитабо, дигар номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ низ дар бораи тарҳаш барои ҳалли мушкили маскан ба вижа маскани завҷҳои ҷавон гуфт, мушкили маскан бо эҷоди иштиғол, пардохти қарз ва сохти масканҳои кӯчак ҳал мешавад ва бидӯуи беҳбуди иқтисод ва афзоиш даромади миллӣ ин имкон вуҷуд надорад. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури кунунӣ ва номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳам роҳи ҳалли мушкили издивоҷи ҷавонон ва афзоиши мизони издивоҷҳои пойдорро ниёзманди иштиғол ва беҳбуди шароити касбу кор донист.  

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, дар мақоми муовини аввали раисҷумҳур ва ба унвони яке аз рақибони интихоботӣ низ дар нахустин мунозираи интихоботӣ дар бораи барномаи отии худ барои коҳиши бюрократия ва афзоиши коромадии дастгоҳҳои иҷроӣ гуфт, пешниёзи ҳар тавсеае, афзоиши сармояи иҷтимоӣ ва огоҳии мардум аст ва дар чорчуби афзоиши ризояти мардум бояд давлати электронӣ ба таври комил иҷро шавад. Муҳаммадбоқири Қолибоф, ки ба қайди қуръа ба унвони охирин номзад барномаҳои худро ироа кард, дар бораи чолишҳои зист муҳитии мисли олудагии ҳаво, тағйири иқлим, хушксолӣ ва резгардҳо гуфт, буҳрони муҳити зист аз мушкилоти ҷиддии Эрон буда ва барои намуна илали резгардҳо хориҷӣ, дохилӣ ва заъфи мудириятӣ аст.

Мунозираи номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ, нақши муҳиме дар касби орои мардум дорад ва ду мунозирае, ки байни шаш номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон то ҳудуди ду ҳафтаи дигар баргузор мешавад, илова бар мушаххас шудани барномаи куллии номзадҳо барои идораи кишвар дар ҳамаи умур, шӯру нишоти интихоботиро дар Эрон ба авҷ хоҳад расонд ва рӯзи интихобот бори дигар мардум, ҳамосаи баёдмондании сиёсӣ халқ хоҳанд кард, ҳамосае, ки ҳар чаҳор сол як бор боиси ба ҳам хурдани муодилоти душманон шуда ва тавтеаи ононро нақши бар об кардааст .

 

Барчасп