Май 06, 2017 16:43 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар ҷойгоҳи нахусти миқдори рушди илми дунё

Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ- сарпарасти пойгоҳи истиноди улуми ҷаҳони Ислом (ISC) гуфт, Эрон бо рушди 17.5 дарсадӣ ҷойгоҳи нахусти рушди камиятии (миқдор) илми дунёро дар ихтиёр дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ афзуд, баррасии пойгоҳи истиноди (ISC) нишон медиҳад, камиятии (миқдор) тавлиди илми Эрон аз 38 ҳазору 107 мадрак дар соли 2015 мелодӣ ба 44 ҳазору 782 мадрак дар соли 2016 мелодӣ афзоиш ёфтааст.

Деҳқонӣ тасреҳ кард, баъд аз Эрон, Русия бо 13/4 дарсад бештарин рушди камиятии тавлиди илми дунёро дорост.

Бар асос ин гузориш, Полша, Ҳинд, Туркия, Чин, Искотланд, Австралия, Шветсия, Утриш, Бразилия, Дания, Биритониё, Швейтсария, Нидерланд ва Олмон дар зумраи кишварҳое қарор доранд, ки рушди камиятии тавлиди илми онҳо мусбат будааст.

Муҳаммади Фарҳодӣ- вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон, пештар эълом карда буд, рутбаи илмии Эрон дар ҷаҳон бар асоси гузориши ду пойгоҳи истиноди ISC ва ISI рутбаи шонздаҳ ва дар минтақа ва ҷаҳони Ислом рутбаи аввал аст.