Поёни ройзании Зариф дар Афғонистон
Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар сафари якрӯза ба Кобул пас аз дидор бо мақомоти баландпояи Афғонистон Кобулро ба мақсади Теҳрон тарк кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, пеш аз тарки Афғонистон ва дар охирин ройзании худ дар Кобул, бо Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард .
Зариф рӯзи якшанбе ба даъвати расмии вазири умури хориҷаи Афғонистон дар садри як ҳайъати баландпоя вориди Кобул шуд ва бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлат, Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллӣ ва Салоҳиддини Раббонӣ, вазири умури хориҷаи Афғонистон дидору гуфтугӯ кард .
Вазири умури хориҷаи Эрон пас аз дидор бо вазири хориҷаи Афғонистон, дар нишасти хабарӣ ширкат кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф ва Салоҳиддини Раббонӣ дар ин нишасти хабарӣ эълом карданд: Дар гуфтугӯҳои худ дар бораи муборизаи муштарак бо терроризм бидуни тафкики терпоризми хубу бад, қочоқи маводи мухаддир, ҳамкориҳои иқтисодӣ, роҳҳои транзитӣ ва мавзуи муҳоҷирон баҳсу табодули назар карданд .