Май 08, 2017 13:14 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи соҳилии Эрон мақоми сеюми ҷаҳонро гирифт

Тими миллии футболи соҳилии Эрон бо пирӯзӣ муқобили Италия, ба мақоми сеюми Ҷоми ҷаҳонии 2017 Багама даст ёфт.

Ба гузориши ИРНА, тими миллии соҳилии Эрон бомдоди душанбе дар дидори радабандди Ҷоми ҷаҳонии 2017- футболи соҳилӣ, дар кишвари Багама дар шимоли Куба, муқобили Италия бо бартарии панҷ бар се, барои нахустин бор дар Ҷоми ҷаҳонӣ, дар ҷойгоҳи сеюм истод.

Тими миллии футболи соҳилии Эрон, дар марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ аз сад Швейтсария гузашт ва сипас дар ниманиҳоӣ дар муқобили Таити дар зарботи пинолтӣ бознда шуд ва аз роҳёбӣ ба финали ин давра аз мусобиқот бозмонд.

Дидори ниҳоии нӯҳумин давраи Ҷоми ҷаҳонии футболи соҳилӣ, байни тимҳои Бразилия ва Таити баргузор мешавад.

 

Барчасп