Май 10, 2017 16:33 Asia/Dushanbe
  • Паёми Рӯҳонӣ ба муносибати солгарди барқарории равобити Эрон ва Қирғизистон

Раисҷумҳури Эрон дар паёме ба ҳамтои қирғизистонии худ фаро расидани бисту панҷумин солгарди барқарории равобити дипломатии байни ду кишварро табрик гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар паёме ба Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳури Қирғизистон таъкид кард: Дар бисту панҷ соли гузашта, ҷумҳурии исломии Эрону Қирғизистон дар чорчуби эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак, гомҳои баланде барои тавсеаи муносибот бардоштаанд .

Рӯҳонӣ тасреҳ кард: Бояд масири равобити хуби ду кишвар дар ҷиҳати рифоҳи ду миллат, таъмин ва таҳкими сулҳу суботи минтақаӣ ва байналмилалӣ идома ёбад .

Раисҷумҳури Эрон, убури муваффақиятомез аз чолишҳо ва таҳдидоти минтақаиро дар гарави таомули созанда ва ҳамкорӣ ва ҳамафзоии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дониста ва таъкид кардааст: Ройзаниҳои дуҷониба ба эҷоди амнияти пойдор ва таъмиқи беш аз пеши муносиботи дӯстона мунҷар хоҳад шуд .

 

Барчасп