Май 11, 2017 13:10 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таблиғоти интихоботии номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон

Роҳҳалли хуруҷ аз буҳрони иқтисодӣ ва мавзуи бекорӣ ҳамчунон шиори таблиғотии шаш номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон аст. Номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе низ дар барномаҳои таблиғотӣ, аҳдофу рӯйкардҳои отии худро ташреҳ карданд.

Иброҳими Раисии Содот, номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар Шаҳриёри ғарби Теҳрон гуфт: Бо имконоти кунунии кишвар, рафъи мушкилоту эҷоди иштиғолзоии миллионӣ имконпазир аст. Раисӣ афзуд: "Нигоҳи мо барои гиреҳгушоӣ ба дастони тавонои миллат аст".

Мустафо Ҳошимитабо, номзади давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳам дар гуфтугӯ бо шабакаи сеюми Садо ва Симои Эрон дар хусуси иштиғолзоӣ дар манотиқи марзӣ гуфт: Ҳифзи манобеи табиӣ ва ҷилавгирӣ аз олояндаҳои зистмуҳитӣ бавижа дар манотиқи нафтхез авлавияти аслӣ аст.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, дигар номзади давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон низ рӯзи чаҳоршанбе дар маросиме дар Теҳрон бо таъкид бар талош барои маҳрумиятзудоӣ дар кишвар гуфт: "Имрӯз муҳимтарин буҳрони кишвар бекорӣ ва иштиғол аст ва агар муваффақ шавем, дар масири ҳалли ин муъзал ҳаракат кунем, аз як буҳрони иҷтимоӣ пешгирӣ кардаем. Қолибоф ҳамчунин бар такрори ваъдаи худ мабнӣ бар 5 миллион шуғл дар 4 сол таъкид кард".

Мустафо Оқомирсалим, аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳам рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯи радиоӣ бо Садо ва Симои Эрон, пайдоиши фазои маҷозӣ дар чанд даҳаи гузаштаро яке аз бузургтарин намодҳои таҳаввули ҷаҳонӣ донист ва бо ишора ба таъсири он дар абъоди мухталифи фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳатто амниятӣ ва дифоӣ дар арсаи байналмилалӣ гуфт: Бояд давлатҳо аз ин фурсат барои иҷрои барномаҳои худ баҳра бигиранд .

Ҳасани Рӯҳонӣ, яке дигар аз шаш номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон низ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ бо баёни инки яке аз мазоҳири қудрати Эрон сандуқи интихобот аст, гуфт: "Дар ин интихобот ҳудуди 55 миллион воҷиди шароит дорем, ки бояд талош кунем, то ҳаддиақал 40 миллион нафар аз воҷидони шароит пойи сандуқҳои раъй ҳузур ёбанд, дар интихоботи гузашта 73 дарсад аз воҷидони шароит ширкат доштанд, ки агар дар ин давра ба 80 дарсад бирасад, мояи хушбахтӣ аст".

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, яке дигар аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳам рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: "Ҳузури мардум барои ҷумҳурии исломӣ як ниёзи бисёр зарурӣ аст ва ҳар алоқаманде бояд кумак кунад, то ҳузури мардум дар интихобот пуршӯр бошад".  

Интихоботи раёсатҷумҳурии Эрони 19 майи 2017 баргузор мешавад .

 

Барчасп