Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Интихобот мазҳари иқтидор ва иззати миллати Эрон аст
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, ҳузури мардуми Эрон дар пойи сандуқҳои раъй мазҳари иқтидор, иззат ва имони мардум ба Худованди мутаол аст.
Ҳуҷҷат-ул-Ислом ва ал-муслимин Козим Сидиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, мардуми Эрон ҷумъаи оянда бар асоси боварҳои динӣ ва эътиқоди худ пойи сандуқҳои раъй мераванд.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон хост, тибқи қонун амал кунанд ва дар масири тақвияти мустазъафони ҷомеа ва истиқлол, азамат ва амнияти миллии Эрон гом бардоранд. Сидиқӣ хитоб ба душманони Эрон ҳам ёдоварӣ кард, Эрон монанди дигар кишварҳо нест, ки бо долларҳои казоӣ дар он ошӯб ба вуҷуд ояд ва ба Инқилоби Исломии Эрон садама ворид шавад. Имом ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба санади ҷадиди Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) гуфт, ки марзҳои соли 1967 мавриди таъйиди ҳама ҷараёнҳои муқовимати Фаластин нест ва режими саҳюнистӣ ҳамчунон режими номашрӯъ аст.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо табрики идҳои моҳи шаъбон, бавижа нимаи шаъбон ва вилодати Имом Маҳдӣ (а) ба мусалмонони ҷаҳон зуҳури эшонро таҳаққуқи ваъдаи илоҳӣ барои ҳукумати мустазъафони ҷаҳон бар саросари замин, чира шудани Ислом ноб ва асил бар Исломи дурӯғин ва таҳаққуқи сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ва адолатгустарӣ донист.