Имкони афзоиши зарфияти пазириши донишҷӯёни хориҷӣ дар Эрон
(last modified Fri, 12 May 2017 11:15:12 GMT )
Май 12, 2017 16:15 Asia/Dushanbe
  • Имкони афзоиши зарфияти пазириши донишҷӯёни хориҷӣ дар Эрон

Муовини консулӣ, маҷлис ва умури эрониёни вазири умури хориҷии Эрон гуфт, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Эрон метавонад ба 300 ҳазор нафар бирасад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасан Қашқовӣ, шаби панҷшанбе дар ҷазираи Кеш, дар ҷануби Эрон гуфт, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Эрон ҳудуди 30 ҳазор нафар аст, ки бо фазои мусбат эҷод шуда, пас аз гуфтугӯҳои ҳастаӣ ва иҷрои Барномаи ҷомеи иқдом муштарак (БАРҶОМ) метавон ин теъдодро то 10 баробар ва ҳатто бештар афзоиш дод.

Пештар низ Самад Ҳоҷиборӣ, мудири кулли донишҷӯёни ғайриэронии Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон аз афзоиши раванди ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Эрон пас аз БАРҶОМ хабар дода гуфта буд, Вазорат улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон ҳеҷ гуна маҳдудияте барои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ надорад ва Эрон ба ғайр аз режими саҳюнистӣ бо ҳама давлатҳо иртиботи илмии густурда дорад.

Донишҷӯёни афғон бештарин ҷамъияти донишҷӯёни ғайриэронии донишгоҳҳои Эронро ташкил медиҳанд.

 

Барчасп