Мустанаде эронӣ барандаи ҷоизаи беҳтарини оҳангсозии Ҷашнвораи TAC шуд
Филми мустанади “Наврӯз дар Тоҷикистон”, ба коргардонии Маҳдии Бимонӣ, барандаи ҷоизаи беҳтарин оҳангсозии Ҷашнвораи бостоншиносии TAC-и Амрико шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, чаҳордаҳумин давраи Ҷашнвораи филмҳои синамоӣ ва видеоии бостоншиносии шабакаи мустанади Амрико мавсум ба TAC дар рӯзҳои 4 то 7 майи 2017 дар кишвари Амрико баргузор шуд ва ҷоизаи беҳтарин мусиқии ин давра аз ҷашнвора ба Иқболи Завқибек, оҳангсози филми мустанади “Наврӯз дар Тоҷикистон” ба коргардонии Маҳдии Бимонӣ расид .
Ҷашнвораи TAC ҳар сол ба мудирияти доктор Ричард Петтигрю дар шаҳри Юҷин, воқеъ дар иёлоти Аргони Амрико баргузор мешавад .
Мустанади “Наврӯз дар Тоҷикистон” дар муддатзамони 31 дақиқа, нигоҳе ба маросими ойинии Наврӯз дар ин кишвари форсизабони Осиёи Миёна дорад, ки дар шаҳрҳои Душанбеи пойтахт, вилояти Хатлон ва Бадахшон филмбардорӣ шудааст .