Май 15, 2017 14:49 Asia/Dushanbe
  • Баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар Англия ва Зеландияи Нав

Сафирони ҷумҳурии исломии Эрон дар Англия ва Зеландияи Нав аз омода будани шароит барои баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар ин ду кишвар хабар доданд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Ҳамиди Баидинажод, сафири Эрон дар Лондон гуфт: Дар рӯзи интихобот 12 сандуқ дар 11 шуъбаи раъйгирӣ дар Англия мустақар хоҳад шуд .

Вай афзуд: Аз ин 12 сандуқ, шаш сандуқ дар манотиқи мухталифи шаҳри Лондон ва шаш сандуқ низ дар шаҳрҳои Манчестер, Бирмингем, Нюкасл, Глазго, Лидс ва Кардифф мустақар хоҳад шуд .

Ба гуфтаи Баидинажод, ҷамъияти эрониён дар шаҳрҳои ёдшуда бештар аст ва ҳамчунин ин шаҳрҳо дар мавқеиятҳое қарор доранд, ки эрониёни муқими шаҳрҳои дигари Англия низ метавонанд бо сафаре кӯтоҳ худро барои раъй додан ба онҷо бирасонанд .

Сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Зеландияи Нав низ аз баргузории давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар чаҳор шаҳри ин кишвар хабар дод .

Ҷалолиддини Наминӣ гуфт: Раъйгирӣ аз эрониёни муқими Зеландияи Нав дар чаҳор шаҳри Окленд, Крайстчерч, Веллингтон ва Данидин анҷом хоҳад шуд .

Давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи ҷумъа 19 майи 2017 баргузор мешавад .

 

Барчасп