Май 15, 2017 15:51 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Риёз тавтеаи саҳюнистӣ аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон бо ишора ба сафари раисҷумҳури Амрико ба Арабистон барои ширкат дар нишасти арабӣ-амрикоӣ дар Риёз баргузории ин нишастро тавтеаи саҳюнистӣ донист.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва симо, Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон чанде пеш бо ирсоли даъватномаҳое ба сарони 17 кишвар аз онон барои сафар ба Риёзу дидор бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки қарор аст, 23-юми май ба Арабистон сафар кунад, даъват кард.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ дар бораи сафари Доналд Трамп ба Арабистон барои ширкат дар нишасти арабӣ – амрикоӣ гуфт, ин мавзӯъ як тавтеаи саҳюнистӣ аст ва Арабистон бо таваҷҷуҳ ба равобите, ки бо Исроил дорад, бо қарор додани номи дигаре ба ин нишаст, саъй мекунад, сарпӯше ба ин робитаҳо бигузорад. Қосимӣ афзуд, мушкилоти дохилӣ, ҳамла ба Яман ва эҳсоси инзивоъ дар даруни ҳокимият Арабистонро ба баргузории нишасти арабӣ- амрикоӣ савқ додааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ба амрикоиҳо тавсия кард, дучори хатои фоҳиш нашаванд ва иштибоҳоти гузаштаро такрор накунанд, зеро осори он гиребонгири худ амрикоиҳо хоҳад шуд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар бораи вазъияти вахими асирони фаластинии дар банди режими саҳюнистӣ низ гуфт, ин нишондиҳандаи хуи дадманишонаи режими саҳюнистӣ аст ва то замоне ки зулм вуҷуд дорад, муқовимат ба шаклҳои мухталиф ҳам идома хоҳад дошт.

Асирони фаластинӣ аз 17 апрели гузашта, Рӯзи асири фаластинӣ гуруснанишинии худро бо шиори «Озодӣ ва каромат» дар эътироз ба сиёсат ва рафторҳои нижодпарастонаи режими саҳюнистӣ оғоз карданд.

 

Барчасп