Май 15, 2017 16:39 Asia/Dushanbe
  • Канорагирии яке аз номзадҳои интихоботи Эрон

Муҳаммадбоқири Қолибоф аз номзадҳои интихоботи раёсат Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нафъи Сайид Иброҳими Раисӣ- номзади Ҷиноҳи усулгаро аз рақобатҳои интихоботӣ, канорагирӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадбоқири Қолибоф аз номзадҳои усулгаро, ки ҳамакнун шаҳрдори Теҳрон аст, дар баёнияе канорагирии худро аз рақобатҳои интихоботӣ эълом кард ва аз ҳаводорон ва ҳомиёни худ хост аз ин пас, аз номзади дигари Ҷиноҳи усулгаро Сайид Иброҳими Раисӣ ҳимоят кунанд.

Муҳаммадбоқири Қолибоф таъкид кардааст, ки ҳамаи тавони худро барои пирӯзии Сайид Иброҳими Раисӣ бар давлати феълӣ ба кор хоҳад баст.

Мустафо Ҳошимитабо дигар номзади 12-умин давраи интихоботи раёсатҷумҳури Эрон ҳам рӯзи душанбе бо интишори баёнияе зимни эъломи ҳимоят аз Ҳасани Рӯҳонӣ- дигар номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон эълом кард, «дар чорчӯби тадовуми ҳаракати созандаи давлати кунунӣ бар он ҳастам, ки раъй худро ба Ҳасани Рӯҳонӣ ихтисос диҳам».

12-умин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, рӯзи ҷумъаи оянда баргузор мешавад.

 

Барчасп