Май 17, 2017 15:32 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили нахустин ҳавопаймо аз чаҳор ҳавопаймои ATR ба Эрон

Нахустин ҳавопаймо аз чаҳор фарванд ҳавопаймои ATR –и таҳвилдодашуда ба Эрон имрӯз дар фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон ба замин нишаст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, се ҳавопаймои ширкати итолиёӣ-фаронсавии ATR-и таҳвилӣ ба Эрон, аз маҷмӯи бист фарванд ҳавопаймои харидоришуда аз сӯйи ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ то авохири рӯзи чаҳоршанбе вориди фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон мешаванд.

Ин ҳавопаймоҳо рӯзи сешанбе дар фурудгоҳи шаҳри Тулузи Фаронса ба ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон (Ҳумо) ба таври расмӣ таҳвил дода шуданд.

Ширкат ҳавопаймоии “Эрон –Эйр” 20 фарванд ҳавопаймои ATR-и 72 нафара харидорӣ карда ва ширкати ҳавопаймосозии итолиёӣ – фаронсавии ATR то поёни соли 2018 ин ҳавопаймоҳоро дар ихтиёри ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор хоҳад дод.

Арзиши ин қарордод 400 миллион доллар аст.

Бо ба натиҷа расидани музокироти ҳастаӣ ва тавофуқи Барҷоми Эрон, ки аз ибтидои инқилоби исломӣ таҳти таҳрими хариди ҳавопаймо буд, муваффақ шуд ин таҳримҳоро лағв кунад.

 

Барчасп