Омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ дар донишгоҳҳои ҷаҳон
Муовини байналмилали Бунёди Саъдии Эрон аз вуҷуди 200 курсии омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ дар донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон хабар дод.
Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, Саид Муҳаммадризо Дарбандӣ, муовини байналмилали Бунёди Саъдӣ гуфт: 200 курсии шарқшиносӣ низ дар донишгоҳҳои ҷаҳон вуҷуд дорад, ки дар бахше аз онҳо забон ва адаби форсӣ тадрис мешавад ва донишҷӯёни алоқаманд метавонанд риштаи забони форсиро интихоб кунанд.
Ин мақоми Бунёди Саъдӣ афзуд: Баргузории давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат дар Эрон барои устодон ва донишҷӯёни хориҷӣ, эъзоми устод ба хориҷ аз кишвар барои ташкили давраҳои забономӯзӣ, ирсоли манобеъ ва имконоти кумаки омӯзишӣ барои алоқамандон ба ёдгирии забон ва адабиёти форсӣ дар хориҷ аз Эрон ва баргузории давраҳои солонаи донишафзоии забон ва адабиёти форсӣ дар тобистон аз барномаҳои умдаи ин бунёд дар ҳавзаи байналмилал аст.