Май 18, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Вазорати хориҷаи Эрон бар идомаи барномаи мушакӣ

Вазорати умури хориҷаи Эрон бо судури баёнияе эълом кард, барномаи мушакии Эрон бо қуввату иқтидор ва бар асоси барномарезиҳо идома хоҳад дошт.

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба иқдоми давлати Амрико ба афзудани номи теъдоде аз афроду ширкатҳои эронӣ ба феҳристи таҳримҳои мушакӣ баёнияе содир кард.

Дар ин баёния афзуда шудани номи афроди ҳақиқиву ҳуқуқӣ ба феҳристи таҳримҳои фаромарзии якҷонибаву ғайриқонунии Амрико маҳкум ва хилофи мавозини ҳуқуқи байналмилал эълом шуд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни таъкиди дубора бар ҳаққи мусалламу қонунии Эрон барои афзоиши тавонмандиҳои дифоии кишвар таъкид кардааст, Ҷумҳурии исломии Эрон ба манзури ҳифзу ҳаросат аз ҳокимият, истиқлоли сиёсӣ ва тамомияти сарзаминии худ, барномаи мушакиро, ки ҳеч гуна муғойирате бо тааҳҳудоти байналмилалии Эрон ва қатъномаи 2231 надорад, бо қуввату иқтидор ва бар асоси барномарезиҳо идома хоҳад дод.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи чаҳоршанбе муддати замони таъхири таҳримҳои Эронро бар асоси тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ ) тамдид кард, аммо ҳамзамон ҳафт фарду ширкати эронӣ ва хориҷиро ба баҳонаи барномаи мушакии Эрон ба феҳристи таҳримҳои мушакии худ афзуд.

 

Барчасп