Май 18, 2017 16:20 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби  Исломӣ дар расонаҳои Ҳинд

Баёноти ҷадиди Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар хусуси мушорикати густурдаи мардуми Эрон дар интихоботи 12-умин давраи раёсатҷумҳурӣ бозтоби густурдае дар расонаҳои Ҳинд дошт.

Ба гузориши ИРНА, рӯзномаи англисзабони “Индиан экспресс”-и Ҳинд имрӯз, панҷшанбе, навишт, ҳазрати Оятуллоҳ  Хоманаӣ аз мардуми Эрон хост, ба таври густурда дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат кунанд. Ин рӯзнома навишт, ҳазрати Оятуллоҳ  Хоманаӣ интихоботро ҳамосаи бузург ва мардумӣ хонданд ва эълом карданд, Амрико ва муттаҳидонаш, аз ҷумла режими саҳюнистӣ ба диққат ин интихоботро зери назар доранд. Рӯзномаи англисизабони “Ҳинду” низ навишт, ширкати густурдаи мардуми Эрон дар интихобот паёми равшане ба Амрико хоҳад буд. Рӯзномаи “Ҳиндустон Таймз” низ навишт, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ гуфтанд, Амрико, аврупоиҳо ва режими саҳюнистӣ ба диққат интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро зери назар доранд ва мардуми Эрон бояд азму иродаи худро ба намоиш бигузоранд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар остонаи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ва шӯроҳои исломии шаҳру русто дар дидори ҷамъе аз қишрҳои мухталифи мардуми Эрон таъкид карданд, ҳузури миллати Эрон дар арсаҳои мухталиф, таъйинкунандаи амнияти миллӣ буда, муҳимтарин мазҳари ин ҳузур интихобот аст.

Интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ, панҷумин давраи шӯроҳои исломии шаҳру русто ва нахустин миёндавраии даҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои Исломи Эрон фардо, ҷумъа, баргузор мешавад.

 

Барчасп