Май 18, 2017 18:22 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти ҷадиди Покистон барои контроли марзҳо пас аз ҳушдори ҷиддии Эрон

Дар пайи ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ ба марзбонони эронӣ ва шаҳодати 10 тан аз онон, суханони генерал Боқирӣ боис шуд, сиёсатмадорони Покистон иқдоми амалии худро барои контроли марзҳо оғоз кунанд.

Чуҳдарӣ Нисор, вазири корҳои дохилии Покистон эълом кардааст, қасд дорем, марзҳои муштараки худ бо Эрон ва Афғонистонро ба сурати ҷиддитар контрол карда ва аз убуру мурури озодонаи террористҳо ва қочоқчиён ҷилавгирӣ кунем.

Вай дар дидор бо фармондеҳи низомии иёлати Балучистони Покистон изҳор доштааст, бояд амалиётҳои бозрасӣ ва зидди террористии фаврӣ дар иёлати Балучистон, сурат гирифта ва гурӯҳҳои террористӣ аз байн бурда шаванд.

Чуҳдарӣ Нисор гуфтааст, мо барномаи вижае барои афзоиши низомиёни худ дар минтақаи Балучистон дорем ва буҷаи 80 миллиардии мавҷудро иртиқо хоҳем дод.

Эрон ва Покистон беш аз 900 километр марзи муштарак доранд ва ба далели биёбонӣ ва холӣ аз сакана будан, бисёре аз манотиқи Балучистони Покистон, гурӯҳҳои террористие, ки тавассути Оли Сауд тақвият мешаванд, ба роҳатӣ имкони ҳамла ва фирор ба дохили Покистонро пайдо мекунанд.

Дар охирин намунаи ин ҳамалот дар моҳи гузашта, гурӯҳҳои террористӣ аз дохили хоки Покистон алайҳи марзбонони Эрон, иқдом ба анҷоми ҳамлаи террористӣ карданд, ки мунҷар ба шаҳодати чандин марзбони эронӣ шуд.

Пас аз ин ҳамла генерал Боқирӣ дар суханоне эълом кард, Эрон ҳақ дорад гурӯҳҳое, ки амнияти дохилии Эронро ба хатар меандозанд дар ҳарҷое, ки ҳузур доранд ҳадаф қарор диҳад.

Бисёре аз гурӯҳҳои вобаста ба Оли Сауд, нисбат ба ин суханон вокуниш нишон доданд ва онро таҳдид алайҳи Покистон хонданд.

Ин дар ҳоле аст, ки кишвари Покистон худ ба камингоҳҳои гурӯҳи террористии Ҷамоати Аҳрор дар хоки Афғонистон, ҳамла карда ва нобудии душманони худро дар ҳарҷое ҳаққи худ медонад.

Суханони Чуҳдарӣ Нисор нишон аз ҷиддияти бештари Покистон дар хусуси таъмини амнияти марзӣ бо Эрон дорад, ки умедвориҳоро барои нобуд шудани гурӯҳҳои террористӣ афзоиш медиҳад.