Май 19, 2017 08:46 Asia/Dushanbe

Як эронии сокини Зеландияи Нав ба унвони нахустин раъйдиҳанда, дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, раъй худро ба сандуқ андохт.

Ба гузориши ИРНА, раъйгирӣ аз эрониёни муқими Зеландияи Нав барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар чаҳор шаҳри Окленд, Крайстчерч, Веллингтон ва Данидин анҷом мешавад.

Раъйгирии интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамчунин дар кишварҳои Австралия, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Ҷопон, Малайзия, Индонезия, Ветнам, Филиппин, Сингапур, Таиланд ва Бруней оғоз шудааст.

Ба гуфтаи Ҳасани Қашқовӣ- раиси ҳайати назорат бар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар хориҷ аз кишвар, ин давра аз интихобот, дар 102 кишвар ва 310 шӯъба баргузор мешавад.

Сайид Иброҳими Раисӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, Мустафо Оқомирсалим ва Мустафо Ҳошимитабо чаҳор номзади дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳастанд, ки имрӯз ҷумъа ба рақобат мепардозанд.

 

Барчасп