Май 19, 2017 15:31 Asia/Dushanbe
  • Вазири иттилооти Эрон: Ҳама таҳаррукоти душман назорат мешавад

Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, нерӯҳои амниятии Эрон ҳар гуна тавтеаи душманонро қотеъона посух хоҳанд дод.

 

Сайидмаҳмуди Алавӣ, вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа, пас аз ширкат дар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва панҷумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру рустоҳои Эрон дар ҷамъи хабарнигорон изҳор кард, ҳушёрии нерӯҳои амниятии Эрон ва масъулини иттилоотии онҳо мӯҷиб шуда, ҳар ҳаракате, ки ба амният ва оромиши кишвар дар айёми интихобот зарба бизанад, шиносоӣ ва хунсо шавад. Алавӣ афзуд, то кунун ҳеҷ мавриде, ки ҷараёнҳои зидди инқилоб ва зиддиамниятӣ тавониста бошанд, осебе ба амнияти Эрон дар рӯзи баргузории интихобот бирасонанд, вуҷуд надоштааст. Вазири иттилооти Эрон ҳамчунин ҳузури мардум дар интихоботро барои кишвар амниятсоз ва амниятофарин тавсиф кард.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳамзамон бо панҷумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру русто субҳи ҷумъа дар Эрон оғоз шуд. Сайидиброҳим Раисии Содот, Ҳасани Рӯҳонӣ, Мустафо Оқомирсалим ва Мустафо Ҳошимитабо чаҳор номзади дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳастанд, ки имрӯз, ҷумъа, ба рақобати интихоботӣ пардохтанд.

 

Барчасп