Май 19, 2017 16:01 Asia/Dushanbe

Баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бозтоби густурдае дар расонаҳои хориҷӣ доштааст.

Ба гузориши ИРНА, дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳамзамон бо панҷумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру русто субҳи имрӯз, ҷумъа, дар саросари кишвар оғоз шуд.

Шабакаи “ал-Маёдин” аз ҳузури густурдаи мардуми Эрон, аз ҷумла занон дар соатҳои аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон гузориш дода эълом кард, ба назар мерасад, мизони мушорикат дар ин интихобот боло аст. Хабаргузории “Рейтерз” ҳам дар гузорише бо ишора ба ҳузури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар пойи сандуқи раъй ва даъвати эшон аз мардуми Эрон ба ҳузури густурда дар интихобот гузориш дод, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ истиқболи густурдаи мардумро дар интихоботи раёсатҷумҳурии имрӯз хостор шуданд.

Расонаҳои Чин ҳам рӯзи ҷумъа тасовиру ахбори бешумореро дар бораи мушорикати ҳамаҷониба ва ҳузури фаъоли мардум дар ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ мунташир карданд. Рӯзномаи “ал-Ахбор”-и чопи Лубнон ҳам навишт: «Ҳама мунтазиранд, бидонанд, дар марҳалаи ҳассоси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва минтақа номи кӣ аз сандуқи орои интихоботи Эрон берун меояд».

Хабаргузори “Ассошэйтед пресс” дар гузорише аз аввалин интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон пас аз амалӣ шудани Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак хабар дод. Шабакаи амрикоии CNN низ аз оғози интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон гузориш дод. Шабакаи лубнонии “ал-Аҳд” низ аз мушорикати густурдаи мардуми Эрон дар лаҳзаҳои аввали интихобот хабар додааст.

Расонаҳои амрикоӣ интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эронро дар ахбори худ мунъакис кардаанд.  «Чикаго трибун» дар гузорише зимни инъикоси ҳузури густурдаи мардуми Эрон дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ навишт, мардуми Эрон рӯзи ҷумъа дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳузур пайдо карданд.

“Франс пресс” аз Эрон гузориш дод, тасовир нишон медиҳад, ҳузури мардум дар интихоботи имрӯзи Эрон пурранг ва сафҳои тӯлонӣ дар шуъбаҳои раъйдиҳӣ ташкил шудааст.

 

Барчасп