Май 19, 2017 20:12 Asia/Dushanbe
  • Ривояти хабарнигори “НЮ-Йорк таймс” аз ҳузури густардаи мардуми Эрон дар интихобот

Хабарнигори “НЮ-Йорк таймс” дар Теҳрон мушоҳидоти худро аз ҳузури густардаи мардум дар интихоботро дар 15 соли ҳузураш дар Эрон бесобиқа тавсиф кард.

Ба гузориши ИРНА, Томас Ардбринк, хабарнигори “НЮ-Йорк таймс”  дар Теҳрон зуҳри рӯзи ҷумъа дар тавсифи ҳузури густардаи миллати Эрон дар интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон навишт: “Имрӯз дар ҳусайнияи Иршоди Теҳрон тӯлонитарин сафро дар 15 соли ҳузурам дар Теҳрони дидам”.

Хабарнигори рӯзномаи амрикоии “Лос -Анҷелес таймс”, мустақкр дар Истанбул низ дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт, эрониёни муқими Истанбул барои ширкат дар интихобот ва рехтани раъйи худ сафи тӯлонӣ ташкил додаанду дар атрофи сарконсулгарии Эрон дар Истанбул рӯҳияи шодӣ ва нишот падид омада ва садҳо эронӣ мунтазири раъй додан дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд.

Интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ ва панҷумин давраи шӯроҳои исломии шаҳру русто ва нахустин миёндавраии даҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ аз соати ҳашти субҳи рӯзи ҷумъа дар 63 ҳазору 500 шуъбаи ахзи раъй дар саросари Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шуд.

Дар интихоботи рӯзи ҷумъа дар Эрон беш аз 56 миллион нафар воҷиди шароити раъй додан ҳастанд.

Интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон аз бомдоди рӯзи ҷумъа дар хориҷ аз кишвар низ оғоз шуд.

 

Барчасп