Май 20, 2017 12:22 Asia/Dushanbe
  • Бахши дувуми натоиҷи интихоботи Эрон. Рӯҳонӣ ҳамчунон пештоз

Бар асоси эъломи бахши дувуми натоиҷи дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ - номзади ин интихобот бо беш аз 22 миллион раъй ҳамчунон пештоз аст.

Алиасғари Аҳмадӣ, раиси Ситоди интихоботи Эрон рӯзи шанбе дар бахши дувуми эъломи натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, то кунун 40 миллиону 76 ҳазору 729 раъй шумориш шуда, ки аз маҷмӯи ин оро 38 миллиону 914 ҳазору 470 раъй саҳеҳ будааст.

Алӣасғари Аҳмадӣ афзуд, аз маҷмӯи орои саҳеҳ Ҳасани Рӯҳонӣ 22 миллиону 796 ҳазору 468 раъй, Сайид Иброҳим Раисии Содот 15 миллиону 452 ҳазору 194 раъй, Мустафо Оқомирсалим 455 ҳазору 211 раъй ва Мустафо Ҳошимитабо 210 ҳазору 597 раъй касб кардаанд.

Раиси Ситоди интихоботи Эрон ҳамчунин гуфт, Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон натиҷаи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро имрӯз- шанбе, соати 14 ба вақти Теҳрон эълом хоҳад кард.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва панҷумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру русто дар Эрон рӯзи гузашта (ҷумъа 19-уми май) дар Эрон ва 102 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.

 56 миллиону 410 ҳазору 234 эронии воҷиди шароити лозими раъй додан дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои исломии шаҳру русто буданд, ки мушорикати беш аз ҳафтод дарсадӣ ва ҳузури беш аз 40 миллион нафарӣ дар ин интихобот эълом шудааст.

 

Барчасп