Май 20, 2017 13:46 Asia/Dushanbe
  • Мубодилаи зиндониён миёни Эрон ва Туркманистон дар марзи ду кишвар

Муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарии Эрон аз мубодилаи 27 зиндонии маҳкуми эронӣ бо 3 зиндонии маҳкуми туркманистонӣ дар марзи ду кишвар хабар дод.

Ба гузориши пайгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, Маҳмуд Аббосӣ, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарии Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, бо баёни ин ки солҳо аз бастани муоҳидаи интиқоли маҳкумон миёни Эрон ва Туркманистон мегузард, гуфт, ин нахустин марҳала аз иҷрои ин муоҳида байни ду кишвар аст.

Маҳмуд Аббосӣ таъкид кард, мубодилаи зиндониёни ду кишвар дар пайи як давраи ройзании фишурда байни мақомоти Эрон ва Туркманистон дар авоили моҳи майи ҷорӣ дар Ишқобод сурат гирифтааст.

 Муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарии Эрон ҳамчунин гуфт, беш аз 280 тан зиндонии маҳкуми эронӣ дар зиндонҳои Туркманистон ба сар мебаранд, ки марҳалаи аввали интиқол ва мубодилаи зиндониён анҷом шуд ва ройзаниҳо барои интиқоли дигар зиндониёни эронӣ идома дорад.

 

Барчасп