Май 20, 2017 15:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳасани Рӯҳонӣ боз ҳам раисиҷумҳури Эрон шуд

Вазири кишвари Эрон бо эъломи натоиҷи ниҳоии дувоздаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, аз пирӯзии қатъии Ҳасани Рӯҳонӣ бо беш аз 23 миллион раъй дар ин интихобот ва боқи мондани ӯ ба курсии раёсатҷумҳурии Эрон барои даври дуввум хабар дод.

Раҳмонии Фазлӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, аз маҷмӯи 41 миллиону 220 ҳазору ва 131 раъйи саҳеҳи шумориш шуда дар ҳавзаҳои мухталифи интихоботӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ бо 23 миллиону 549 ҳазору 616 раъй, пирӯзи ниҳоии ин интихобот шуд.

Бар ин асос Ҳасани Рӯҳонӣ муваффақ шуд, 57 дарсади орои мардуми Эронро дар ин интихобот ба худ ихтисос диҳад.

Ба гуфтаи вазири кишвари Эрон, дар ин интихобот ҳамчунин Сайид Иброҳими Раисӣ бо 15 миллиону 786 ҳазору 449 раъй, Мустафо Мирсалим бо касби 478 ҳазору 215 раъй ва Мустафо Ҳошимитабо бо касби 215 ҳазору 450 раъй ба тартиб дар ҷойгоҳҳои баъдӣ, қарор гирифтанд.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва панҷумин давраи интихоботи Шӯроҳои исломии шаҳр ва русто дар Эрон, рӯз гузашта (ҷумъа 19 май ) дар Эрон ва 102 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.

56 миллиону 410 ҳазору 234 эронии воҷиди шароити лозими раъй додан дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва Шӯроҳои исломии шаҳр ва русто буданд, ки мушорикати беш аз ҳафтод дарсадӣ ва ҳузури беш аз 40 миллион нафарӣ дар ин интихобот эълом шудааст.

 

Барчасп