Май 21, 2017 13:28 Asia/Dushanbe

Ҳомиди Ализода, қории эронии ширкаткунанда дар 59-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Малайзия, шанбе шаб мақоми нахусти мусобиқоти қироатро касб кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ду сол пас аз он ки шаҳиди Мино, Мӯҳсини Ҳоҷӣ Ҳасани Коргар аз Эрон, тавонист ба мақоми нахусти мусобиқоти байналмилалии Қуръони Малайзия даст ёбад, ин бор қироати Ҳомиди Ализода, қории эронӣ аз Хуросони Разавӣ, мавриди таваҷҷуҳи доварон дар ин мусобиқот қарор гирифт.

Ҳомиди Ализода- қории 26 сола аҳли Турбати Ҷом ва сокини Машҳад аст, ки бо касби 89.96 имтиёз мақоми нахусти мусобиқоти Қуръони Малайзияро касб кард.

Ализода шанбе шаб дар маросими поёнӣ ва дар ҳузури ҷамъи бисёре аз шаҳрвандон малайзиёӣ, ҷоизаи худро аз Султон Муҳаммади панҷум, Султони иёлати Калонтон ва подшоҳи Малайзия дарёфт кард.

Довароне аз кишварҳои мухталиф аз ҷумла Малайзия, Миср, Арабистон, Лубнон, Қатар, Индонезия, Таиланд, Мағриб ва Бруней ба арзёбии қироати қориёни кишварҳои мухталиф пардохтанд.

 

Барчасп