Май 21, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Ситоиши рӯзноманигори барҷастаи амрикоӣ аз демократия дар Эрон

Баргузорӣ ва эъломи натоиҷи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамзамон бо сафари Трамп ба Арабистони Саудӣ сабаб шудааст, то таҳлилгарони амрикоӣ, вазъи демократияро дар ду кишвари Эрон ва Арабистон бо ҳам муқоиса кунанд.

Роберт Фиск- таҳлилгари масоили байналмилал, рӯзи шанбе дар ёддоште дар рӯзномаи Индепендент, баргузории интихоботи озод дар Эронро сутуд ва навишт: 50 диктаторе, ки дар Арабистон бо Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрико дидор мекунанд, ҳеҷ як ҷуръати баргузории чунин интихоботеро надоранд.

Фиск пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ дар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро хабари хуш барои Эрон, аммо ногувор барои Трамп ва муттаҳидонаш дар кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс хонд.

Вай навишт, саудиҳо аз ин мавзуъ ҳаросон ҳастанд, ки як эронии маъқул ва мӯътадил дар интихоботи озод ба пирӯзӣ расидааст.

Фиск дар ин ёддошт афзуд, ғайр аз Лубнон, Тунис ва Покистон, дигар кишварҳои ҳозир дар нишасти Риёз, демокросиро танз ё мафҳуми берабт медонанд.

Вай дар бахши дигаре аз мақолааш мушорикати 73 дарсадии мардуми Эрон дар интихоботи раёсатҷумҳуриро бо мушорикати 58 дарсадии мардуми Амрико дар интихоботи соли гузашта, муқоиса кард ва навишт, эрониҳо мардуми сиёсӣ ҳастанд ва интихоботи раёсатҷумҳурии кишварашонро ҷиддӣ мегиранд.

 

Барчасп