Май 21, 2017 21:27 Asia/Dushanbe
  • Эрон арзонтарин мақсади гардишгарии ҷаҳон

Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар сеюмин соли мутаволӣ Эронро ба унвони ба сарфатарин мақсади гардишгарӣ дар ҷаҳон барои гардишгарони хориҷӣ муаррифӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар гузориши шаш моҳаи худ эълом кард: Эрон дар заминаи ҳазинаҳои гардишгарӣ арзонтарин мақсади гардишгарии ҷаҳон маҳсуб мешавад ва боздид аз кишварҳои дигар монанди Миср, Малайзия, Русия, Туркия, Юнон, Испания, Амрико, Фаронса ва Италия пурҳазинатар аз Эрон аст .

Эрон ҳамчунин ба лиҳози манобеъ ва мақосиди фарҳангӣ дар радаи 38 ҷаҳон қарор гирифта, ки нисбат ба бархе кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла ҷумҳурии Чехия, Дания, Маҷористон ва Руминия ҷойгоҳи болотре дорад .

Амният, ҳазинаҳо ва теъдоди ҷозибаҳо, беҳдошт, бозор ва дастрасӣ ба иттилоот аз ҷумлаи авомили таъинкунанда дар мушаххас кардани муносибтарин мақосиди гардишгарӣ дар назар гирифта мешавад .

 

Барчасп