Май 22, 2017 11:19 Asia/Dushanbe
  • Идомаи табрикҳои мақомоти сиёсӣ ва мазҳабии ҷаҳон ба Рӯҳонӣ

Табрикҳои мақомоти кишварҳо ва ниҳодҳои мухталиф ба Ҳасани Рӯҳонӣ ба муносибати пирӯзии дубораи ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ- амири Қатар, Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа- нахуствазир ва вазири кишвар ва Абдуллоҳ бин Ҳамад Ол Сонӣ -муовини амири Қатар бо ирсоли паёмҳои ҷудогона, интихоби Ҳасани Рӯҳониро ба симати раёсатҷумҳурии Эрон табрик гуфтанд.

Даниэл Ортега- раисиҷумҳури Никарагуа ва Rosario Murillo муовинаш дар паёми табрик ба Ҳасани Рӯҳонӣ, густариши равобити ду кишварро дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла иқтисодӣ ва сиёсӣ, хостор шуданд.

Гэри Люис- намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон, низ дар паёме баргузории муваффақиятомези интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ ва панҷумин давраи шӯроҳои исломии шаҳр ва русторо ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфт ва бар густариши равобит ва ҳамкории Созмони милал бо Теҳрон таъкид кард.

Гарегин II-раҳбари мазҳаби аромнаи ҷаҳон ҳам бо табрик ба Ҳасани Рӯҳонӣ ба муносибати интихоби дуборааш ба симати раисиҷумҳури Эрон гуфт, дар ояндаи наздик, равобити Эрон ва Арманистон бо иҷро шудани барномаҳо ва тарҳҳои ҷадид барои беҳрӯзии ду миллат ва обод кардани ҳар чӣ бештари ду кишвар, беш аз пеш густариш меёбад.

Пештар Серж Саргсян -раисиҷумҳури Арманистон ҳам пирӯзии Рӯҳониро табрик гуфта ва бар алоқаи худ барои ҳамкории бештар бо Эрон таъкид карда буд.

Younathan Betkolia- дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии ошӯриён ҳам дар паёме интихоби дубораи Ҳасани Рӯҳониро ба ӯ табрик гуфт.

Бар асоси эъломи натоиҷи ниҳоии дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки рӯзи ҷумъа 19 май дар Эрон ва 102 кишвар ҷаҳон баргузор шуд, Ҳасани Рӯҳонӣ- раисиҷумҳури феълии Эрон, бо касби беш аз 57 дарсади оро, яъне беш аз 23 миллиону 500 ҳазор раъй, бори дигар раисиҷумҳури Эрон шуд.

 

Барчасп