Май 23, 2017 11:55 Asia/Dushanbe

Эрон ва Русия бар азми ҷиддӣ барои хушкондани решаи гурӯҳҳои қочоқи маводи мухаддир таъкид карданд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, дар нишасти муштараки раиси полиси мубориза бо маводи мухаддири Эрон бо мудири кулли мубориза бо маводи мухаддири Вазорати кишвари Русия, сардор Масъуди Зоҳидиёнв ва бригадир Андрей Храпов, афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ва густариши фаъолияти қочоқчиёни маводи мухаддирро таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти ду кишвар унвон карданд .

Зарурати омӯзиши нерӯҳои мубориза бо маводи мухаддири ду кишвар, истифода аз таҷҳизоти пешрафта дар заминаи шиносоӣ ва кашфи маводи мухаддир, истифода аз сагҳои маводёб дар манотиқи бештаре аз мабодии вурудӣв а хуруҷӣ, ҳамкории иттилоотӣ ва амалиётӣ барои шиносоии гурӯҳҳои табаҳкор ва қочоқчиён, радёбӣ ва бастани шабакаҳои бонкии муртабит бо қочоқи маводи мухаддир аз муҳимтарин мавзуоти мавриди тавофуқ дар ин нишаст буд.  

Эрону Русия ҳамчунин аз афзоиши кишти маводи мухаддир дар Афғонистон ибрози нигаронӣ ва таъкид карданд, ду кишвар бо ташвиқи мақомоти афғон барои кишти ҷойгузин ва муқобилаи ҷиддитар бо тавлиду қочоқи маводи мухаддир талош хоҳанд кард, мавзуи муқобила бо қочоқчиён аз дохили хоки Афғонистон маҳор шавад .