Табрики дабири кулли Созмони милал ва мақомоти кишварҳо ба Ҳасани Рӯҳонӣ
Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид интихоби дубораи Ҳасани Рӯҳонӣ ба мақоми раёсатҷумҳурии Эронро ба вай табрик гуфт.
Ба иттилои хабаргузории Анатолияи Туркия, Стефан Дюжарик, сухангуи расмии дабири кулли Созмони милали муттаҳид рӯзи душанбе дар мақарри Созмони милал дар Ню-Йорк ба хабарнигорон гуфт: Гутерреш умедвор аст, бо Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи бисёре аз масоили муҳими мавриди алоқаи Эрону Созмони милал ҳамкорӣ кунад.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Алмазбек Атамбоев, раисони ҷумҳурии Туркманистону Қирғизистон ҳам душанбе шаб дар паёмҳои ҷудогонае, пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ дар давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро ба вай ва миллати Эрон табрик гуфтанд.
Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дар паёми худ таъкид кард: Равобити дӯстона ва низ ҳамкориҳои мутақобили Туркманистон ва ҷумҳурии исломии Эрон дар оянда густариш хоҳад ёфт .
Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон низ дар паёми худ ибрози умедворӣ кард: Эрон ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе даст ёбад .
Бар асоси эъломи натоиҷи ниҳоии давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии исломии Эрон, ки рӯзи ҷумъа дар Эрону 102 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, Ҳасани Рӯҳонӣ, номзади ин интихобот бо касби беш аз 23 миллион раъй, бори дигар раисҷумҳури Эрон шуд .