Қосимӣ: Аз Мирҷоваи Эрон то Манчестери Англия решаи терроризм яке аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i17624-Қосимӣ_Аз_Мирҷоваи_Эрон_то_Манчестери_Англия_решаи_терроризм_яке_аст
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон бо маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Манчестери Англия гуфт, аз минтақаи Мирҷоваи Эрон то Манчестери Англия решаи терроризм яке аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 23, 2017 17:41 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон бо маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Манчестери Англия гуфт, аз минтақаи Мирҷоваи Эрон то Манчестери Англия решаи терроризм яке аст.

Баҳром Қосимӣ зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Манчестери Англия афзуд, яке аз оқибатҳои эътилофҳои маслиҳатию зоҳирӣ ва додани суроғаи ғалат дар бораи манобеи ривоҷ ва ҳимояти терроризму ифротгароӣ густариши саратони он дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аст. Ӯ афзуд, терроризм ҷуз бо азми қавӣ ва эҷодсозу корҳои фарогир ва ба дур аз стандартҳои дугона решакан нахоҳад шуд.

Шомгоҳи душанбе бар асари инфҷор дар Манчестер 22 нафар кушта ва дастикам 59 нафар захмӣ шуданд. 26 апрели гузашта низ аносири гурӯҳаки террористие, ки худро “Ҷайш-ул-адл” мехонанд, 9 нафар аз марзбонони эрониро дар минтақаи Мирҷова, дар устони Систону Балучистони Эрон ба шаҳодат расонданд ва як марзбони захмиро ба хоки Покистон мунтақил карданд.