Оятуллоҳ Хотамӣ: Оли Халифа Баҳрайнро ба зиндони бузург бадал кардааст
(last modified 2017-05-26T10:39:22+00:00 )
Май 26, 2017 15:39 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Хотамӣ: Оли Халифа Баҳрайнро ба зиндони бузург бадал кардааст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, режими Оли Халифа бо саркӯб, боздошт ва анвои ҷиноятҳо Баҳрайнро ба зиндони бузург барои мардуми ин кишвар табдил кардааст.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон юриши нерӯҳои амниятии Баҳрайн ба хонаи шайх Исо Қосим, рӯҳонии барҷастаи ин кишварро макум кард. Хатиби ҷумъаи Теҳрон ваҳшигарии режими Оли Халифа алайҳи мардуми Баҳрайнро бесобиқа хонда гуфт, ҷиноятҳои Оли Халифа бо ҳимоятҳои Амрико ва Арабистон анҷом мешавад. Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамлаи нерӯҳои амниятии режими Оли Сауд ба шаҳри шианишини Авомия, шарқи Арабистонро низ маҳкум кард.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар бахши дигаре аз суханони худ ба сафари Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Арабистон ва фурӯши миллиардҳо доллар таслиҳот ба Риёз ишора карда гуфт, агар хатое аз сӯйи Оли Сауд алайҳи Эрон сурат гирад, ин режим посухи сахте аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дарёфт хоҳад кард. Ӯ бо ишора ба нишасти ахири арабӣ-амрикоӣ дар Риёз гуфт, ҳокимони вобаста ба Амрико сарнавишти мушобеҳи режими нобудшудаи Саддом доранд. Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин бо баёни ин ки Эрон ҳар гуна ҳамлаи террористиро дар ҳар куҷои ҷаҳон, аз ҷумла Манчестери Англия маҳкум мекунад, гуфт, ҷинояткорон худ гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ба вуҷуд оварданд ва ҷинояти ин гурӯҳ акнун домани худи ононро гирифтааст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон аз ҳузури пуршӯру густурда мардуми Эрон дар интихоботи 19-уми май қадрдонӣ кард.

 

Барчасп