Эъломи фриконси барномаи саҳаргоҳии радиои тоҷикии Садои Хуросон
(last modified Sat, 27 May 2017 05:55:17 GMT )
Май 27, 2017 10:55 Asia/Dushanbe
  • Эъломи фриконси барномаи саҳаргоҳии радиои тоҷикии Садои Хуросон

Бо оғози моҳи мубораки Рамазон, алоқамандони барномаи саҳаргоҳии вижаи ин моҳ аз радиои тоҷикии Садои Хуросон метавонанд аз имрӯз- 27-уми май ин барномаро рӯйи фриконси ҷадиди ин радио дарёфт кунанд.

Бахши саҳаргоҳии радиои тоҷикии вижаи моҳи Рамазон аз соати 02:30 то 4-и бомдод ба вақти Тоҷикистон рӯйи фриконси мавҷи миёнаи 720 килоҳертз ва мавҷи кӯтоҳи 7280 килоҳертз қобили дарёфт аст.

Бо ин ҳол шунавандагони радиои тоҷикии Садои Хуросон метавонанд бахши субҳгоҳӣ ва шомгоҳии ин радиоро ҳамчунон ба риволи собиқ рӯйи фриконсҳои қаблӣ бишнаванд.