Июн 04, 2017 20:25 Asia/Dushanbe
  • 15 хурдод, оғози наҳзати бузурги исломии миллати Эрон

Қиёми 15 хурдоди 1342 (июни 1963), нуқтаи атфе дар торихи инқилоби исломӣ ва сароғози наҳзати исломии миллати Эрон аст.

Панҷоҳу се соли пеш, иқдомоти режими шоҳ ва Амрико барои нобудии ислом ва ғорати Эрон, имом Хумайнӣ (р)-ро бар он дошт, то бо баёния ва эроди суханрониҳои муҳим нақшаҳои шуми ононро бармало кунад .

Ин хезиши торихӣ, шуруи рӯёрӯии наҳзати исломӣ дар баробари ҳукумати истибдодии паҳлавӣ буд ва шароите муносибро барои шакл‎гирии мабонии фикрӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии инқилоби исломӣ фароҳам овард .

Наҳзати имом Хумайнӣ (р) аз соли 1963 оғоз шуд ва дар соли 1979 инқилоби исломии Эрон ба пирӯзӣ расид ва ба яқин қиёми 15 хурдод дар панҷоҳу се соли пеш, нақши инкорнопазир ва дурахшонеро дар пирӯзии ин наҳзати исломӣ ифо кард .

Бо вуҷуди фишори нерӯҳои амниятии режими паҳлавӣ ва мамониат аз суханронии рӯҳониюн дар моҳи муҳаррам дар бораи ҷиноятҳои режими Исроил ва хатароте, ки исломро таҳдид мекард, имом Хумайнӣ (р), ки нишон дода буданд, дар мубориза бо истибдод маҳкаму устувор ҳастанд, дар 13 хурдоди 1342 суханони кубандаеро зидди режими паҳлавӣ баён карданд .

Пас аз баёноти ҳазрати имом Хумайнӣ (р), нерӯҳои амниятӣ эшонро дастгир ва зиндонӣ карданд, аммо боздошти имом ва расидани ин хабар ба гуши мардум сабаб шуд, ки қиёми мардумӣв а густардаи зидди режими паҳлавӣ дар 15 хурдоди 1342 шакл гирад .

Нерӯҳои режими паҳлавӣ дар Қум барои эҷоди тарси бештари мардум мустақар шуданд ва саъй доштанд, қиёмро ба шиддат саркуб кунанд, аммо қиёми понздаҳуми хурдод дар шаҳрҳои дигари Эрон ҳам ҷарёни афтод ва мардуми зиёде дар тазоҳурот ба шаҳодат расиданд .