Июн 05, 2017 18:08 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба таниш дар равобити ҳамсоягони араб

Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳамаи ҳамсоягони худ дар ҷануби Халиҷи Форс хост, бо ибратомӯзӣ аз таҷрубаҳои талхи минтақа, дурӣ аз эҳсосот ва бозгашт ба ақлоният ва тадбир, хештандорӣ ба харҷ диҳанд ва дар масири коҳиши таниш ва бозгашт ба оромиш ҳаракат кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон рӯзи душанбе бо ишора ба танишҳои ба вуҷудомадаи миёни бархе ҳамсоягони ҷанубии Эрон дар Халиҷи Форс ва бо ибрози нигаронӣ аз ин танишҳо, барои ҳалли он ибрози умедворӣ кард .

Қосимӣ гуфт: Афзоиши таниш дар равобити миёни давлатҳои ҳамҷавор дар шароите, ки минтақа ва ҷаҳон ҳамчунон аз паёмадҳои густардаи буҳрони терроризм ва ифротгароӣ ва ишғоли Фаластин аз сӯи режими саҳюнистӣ ранҷ мебарад, ба суди ҳеч як аз давлату миллатҳои минтақа нест ва масолеҳи ҳамагонро таҳдид мекунад .

Қосимӣ афзуд: Роҳҳалли ихтилофоти миёни кишварҳои минтақа ва аз ҷумла ихтилофи феълии миёни се давлати ҳамсояи Қатар бо ин кишвар, танҳо равишҳои сиёсӣ ва мусолиматомез ва гуфтугӯҳои шаффофу сареҳ миёни тарафҳост .

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард, ҳифзи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии давлатҳои мустақил, дахолат накардан дар умури дохилии онҳо ва эҳтиром ба марзҳои шинохташудаи байналмилалӣ, усули бунёдин ва шинохташудаи ҳуқуқ ва равобити байналмилал аст, ки бояд тавассути ҳамаи тарафҳо муҳтарам шумурда шавад.

Баҳрайн, Арабистон, Иморот ва Миср бомдоди рӯзи душанбе эълом карданд, равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ кардаанд .

 

Барчасп