Июн 07, 2017 12:47 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар роҳрави вурудии сохтмони Маҷлиси Эрон

Афроди ношиноси мусаллаҳ пеш аз зӯҳри имрӯз бо вуруд ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон иқдом ба тирандозӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин афрод бо пӯшиши муроҷиакунанда бо вуруд ба сохтмони Маҷлиси Эрон, бо нерӯҳои ҳифозати маҷлис даргир ва ба самти онон тирандозӣ карданд.

 Дар пайи ин тирандозиҳо теъдоде аз нерӯҳои ҳифозати Маҷлиси Эрон захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи яке аз хабарнигорон, ки дар маҳалли тирандозӣ ҳузур дошт, дар ин ҳодиса чаҳор нафар бо гулӯлаи муҳоҷимон захмӣ шуданд, ки се нафар аз захмиҳо аз нерӯҳои ҳифозат ва коркунони маҷлис буданд ва як нафар низ аз муроҷиакунандагон ба маҷлис будааст.

 Илёс Ҳазратӣ, намояндаи шаҳри Теҳрон дар маҷлис гуфт, афроди мусаллаҳ муҷаҳҳаз ба “Калашников” ва як қабза силоҳи камарӣ буданд.

 

Барчасп