Июн 07, 2017 13:08 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ду тан дар ҳамалоти террористии Теҳрон

Дар ҳамалоти террористӣ ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) ду тан ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, афроди мусаллаҳи террорист субҳи рӯзи чаҳоршанбе бо пӯшиши муроҷиакунанда, бо вуруд ба сохтмони Маҷлиси Эрон, бо нерӯҳои ҳифозати маҷлис даргир ва ба самти онон тирандозӣ карданд, ки бар асари он як маъмури ҳифозати маҷлис шаҳид ва теъдоде аз нерӯҳои ҳифозати маҷлис захмӣ шуданд.

Афроди мусаллаҳ муҷаҳҳаз ба “Калашников” ва як қабза силоҳи камарӣ будаанд. Яке аз террористҳо боздошт шудааст.

Талош барои дастгирии дигар муҳоҷимони мусаллаҳ дар хиёбонҳои атрофи маҷлис идома дорад ва дарҳои вурудии Маҷлиси Шӯрои исломӣ ба думболи ин ҳодиса баста шуд.

Ҳамчунин бар асари ҳамлаи чаҳор фарди мусаллаҳи террорист ба ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) дар ҷануби Теҳрон як тан шаҳид ва чаҳор нафар низ захмӣ шуданд.

Бар асари ин даргирӣ яке аз террористҳои интиҳорӣ маводи мунфаҷираи ҳамроҳи худро мунфаҷир кард, яке аз муҳоҷимон ба дасти нерӯҳои интизомӣ кушта ва як зани муҳоҷим, ки захмӣ шуда буд, боздошт шуд.

Бо хуруҷи охирин муҳоҷим аз ҳарами Имом Хумайнӣ (раҳ) даргирӣ ба беруни ҳарами мутаҳҳар кашида шуда ва нерӯҳои амниятӣ дар таъқиби муҳоҷими террорист ҳастанд.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазир кишвари Эрон дастури ташкили ҷаласаи фавқуллодаи амниятиро дар Теҳрон содир кард.

 

Барчасп