Изҳороти мақоми рус дар бораи таҳвили сомонаи дифоии "С-300" ба Эрон
Муовини нахуствазири Русия эълом кард, тибқи қарордоди басташуда, Русия то кунун ниме аз сомонаҳои ҳавоии "С-300"-ро ба Эрон таҳвил додааст.
Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия дар ҷараёни нишасти сеҷонибаи Русия, Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Бокӯ, аз таҳвили ниме аз сомонаҳои падофанди ҳавоии "С-300" ба Эрон хабар дод.
Сеогей Чемезов, раиси ширкати "Ростех" дар моҳи июл гуфта буд, Русия дар ҳоли барномарезӣ барои такмили раванди таҳвили сомонаҳои падофанди ҳавоии "С-300" ба Эрон то поёни соли 2016 мелодӣ аст.
Қарордоди 800 миллиондолларӣ миёни Маскав ва Теҳрон барои таҳвили сомонаҳои "С-300" русӣ ба Эрон дар соли 2007 ба имзо расид. Пас аз таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони милал алайҳи Эрон дар миёнаҳои соли 2010, иҷрои ин қарордод ба ҳолати таъхир даромад. Пас аз тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 ва мутааҳҳид шудани Ғарб ба лағви тамоми таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар апрели соли 2016 мамнуияти таҳвили сомонаи "С-300" -ро лағв кард.
Сомонаи "С-300" барои дифоъ аз муассисоти санъатӣ, ниҳодҳои давлатӣ, пойгоҳҳои низомӣ ва мақарҳои фармондеҳӣ дар баробари ҳамалоти ҳавоӣ ва фазоии душман мавриди истифода қарор мегирад.