Июн 09, 2017 11:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти террористӣ дар Теҳрон, аз кадом сӯ ва бо кадом ҳадаф?

Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе ҳадафи чанд ҳамлаи террористӣ қарор гирифт. Афроди мусаллаҳи террорист субҳи чаҳоршанбе бо пушиши муроҷиакунанда пас аз вуруд ба сохтмони Маҷлиси Эрон, бо нерӯҳои ҳифозати маҷлис даргир ва ба самти онон тирандозӣ карданд, ки бар асари он шуморе шаҳид ва захмӣ шуданд.

Ҳамзамон чаҳор мусаллаҳи террорист низ бо вуруд ба ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (р), дар ҷануби Теҳрон шуруъ ба тирандозӣ карданд, ки бар асари он як нафар шаҳид ва чанд нафари дигар захмӣ шуданд. Бар асари ин даргирӣ, яке аз террористҳо маводи мунфаҷираи ҳамроҳи худро мунфаҷир кард, якӣ аз муҳоҷимон ба дасти нерӯҳои интизомӣ кушта ва як зани муҳоҷим, ки захмӣ шуда буд, боздошт шуд .

Гурӯҳи такфирии саҳюнистии ДИИШ масъулияти ин ҳамалоти террористиро ба уҳда гирифтааст.

Ин нахустин бор нест, ки Эрон ҳадафи ҳамалоти террористӣ қарор мегирад. Миллати Эрон аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ шоҳиди террорҳо ва бомбгузориҳои кур ва ҷиноёти мукарраре будааст, ки бадасти террористҳои мунофиқ ва аносури муздур ва шарур ва бо пул ва нақшаи Амрикову Исроил ва Арабистон ва дигар ҳомиёни терроризми байналмилалӣ рақам хурдааст. Бомбгузорӣ дар ҳарами имоми ҳаштуми шиаён ва бисёре дигар аз инфиҷорҳои террористӣ ва 17 ҳазор шаҳиди иқдомоти террористӣ дар Эрон, ҷумлагӣ ҳикоят аз умқи ин ҷиноёт дорад.

Аммо Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе шоҳиди ҷиноёте аз навъи терроризми диишӣ буд, ки дар муҳити перомунии Эрон дар чанд соли ахир зуҳур ёфтааст. Терроризми лаҷомгусихтаи дастпарвардаи ғарб дар ҳоле талош кард, ҳунари худро дар ҷиноят ва одамкушӣ ба намоиш бигузорад, ки дар Сурияву Ироқ бо шикасту хорӣ аз лонаҳои касифи худ берун кашида шудаанд ва бо хорӣ мекушанд, шикаст ва нокомиҳои худро дар ҷои дигаре ҷуброн кунанд.

Терроризме, ки акнун дар минтақа шоҳиди ҷиноёти онем, маҳсули сиёсатҳои дугонаи ғарб дар қиболи гурӯҳҳои террористӣ аст, ки бо зуҳӯри падидаҳои ҷадиде бо ановине ҳамчун Алқоида ва1 ДИИШ ошкортар шудааст.

Бен Рейнолдс, нависанда ва таҳлигари амрикоӣ дар бораи наҳваи зуҳури ДИИШ муътақид аст, ки гурӯҳҳои террорист монанди ДИИШ ба таври мудовим бо мудохилоти ғарб дар минтақаи ғарби Осиё ва нуфузи бозигарони минтақаие монанди Арабистони Саудӣ мавриди ҳимоят қарор гирифтанд. Ӯ мегӯяд, далоили зуҳури ДИИШ рамзу роз нест, ғарбу муттаҳидони он фақат бояд дар оина нигоҳ кунанд. Агар ба намоди ДИИШ нигоҳ кунем, ранги сиёҳ сумбули ин гурӯҳи террористӣ аст. Рӯзномаи Дейли Майл дар ин замина менависад: Шабоҳати рафторҳои Арабистону ДИИШ дар минтақа аз Сурияву Ироқ то Яман гуёи он аст, ки танҳо тафовути Арабистон ва гурӯҳи террористии ДИИШ ранги либоси онҳост ва ҳукумати Оли ‌Сауд, ДИИШ-и сафед аст.

Имрӯз ҳама медонанд, ки сарчашмаи таваҳҳумоти гурӯҳи террористии ДИИШ баргирифта аз афкори фирқаи ваҳҳобият аст. Фатвоҳое, ки чеҳраи исломро дар ҷаҳон хадшадор карда ва ҳазорон нафар аз мусулмононро дар Сурия, Ироқ, Яман ва соири кишварҳои исломӣ ба хоку хун кашидааст.

Бархе маҳофили хабарӣ ва сиёсӣ ин таҳаррукотро ба манзалаи шуруи фасли ҷадиде аз рӯёрӯии Амрико бо Эрон бо истифода аз нақшофаринии бархе кишварҳои арабии минтақа арзёбӣ мекунанд. Хатти машии куллӣ ва ҷаҳонӣ ва минтақаӣ дар ин бора ба вижа пас аз иҷлоси Риёз ва низ пас аз суханронии сареҳи Муҳаммад ибни Салмон, ҷонишини валиаҳди Саудӣ дар бораи лузуми интиқоли ноамниҳо ба дохили Эрон тарсим шудааст. Метавон ҳамалоти рӯзи чаҳоршанберо дар ин чорчуб тафсир кард. Албатта шакке нест, ки ин ҷиноятҳои террористӣ бешак бар азми Эрон дар мубориза бо терроризм меафзояд ва ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунон дар роҳи нобудии терроризм пешрав боқӣ хоҳад монд ва дар мубориза бо меҳварҳои пайдову пинҳони терроризм беш аз пеш ифои нақш хоҳад кард.